Хабари нав

Олимзода: "Вазорат дастури ташхиси бакоратро надодааст ва намедиҳад". ВИДЕО


Масъулони вазорати тандурустӣ зимни нишасти хабарӣ. 8-уми феврали 2019.

Вазири тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, ки ташхиси пардаи бакорат қабл аз издивоҷ ихтиёрӣ аст ва табибон духтаронро барои анҷоми чунин ташхис маҷбур намекунанд. Насим Олимзода рӯзи 8-уми феврал дар нишасти хабарии вазорат дар Душанбе гуфт, ҳеҷ дастуре нест, ки ташхиси бакорат ҳатмӣ бошад.

"Дар ин бора махсус фармон ва ё супориш нест. Барои муайян кардан проблема нест. Агар аз тарафи мақомоти қудратӣ ба ягон самт ариза набошанд, дар ин самт вазорат ягон фаъолият надорад",-гуфт ӯ. Ба гуфтаи ӯ, вазорат фармоне "оид ба муайян кардани бакорат надодааст ва намедиҳад".

Интиқоди созмонҳо аз ташхиси "таҳқиромез"

Созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милал ва Созмони ҷаҳонии беҳдошт Тоҷикистонро танқид кардаанд, ки имкон медиҳад, духтарон қабл аз издивоҷ аз чунин ташхиси "таҳқиромез" бигзаранд.

Баҳси бакорат дар Тоҷикистон солҳои ахир хеле доғ шуд. Бахусус пас аз чандин ҳодисаҳои худкушии ҷавондухтарон дар пайи баҳси бакорат, ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ин масъала бонги изтироб заданд.

Кумитаи маҳви табъизи занон дар Созмони Милал моҳи ноябри соли 2018 аз он изҳори нигаронӣ кард, ки ҳатмӣ кардани ташхиси тиббии қабл аз издивоҷ дар соли 2016 сабаб шуд, ки "ҳамсарони ояндаро ба ташхиси бакорат маҷбур кунанд ва аз ин ҳисоб худкушӣ дар байни занон афзоиш ёбад".

Ин кумитаи Созмони Милал дар баробари дигар тавсияҳо барои эҳтиром ба ҳуқуқи зан ва боло бурдани мақоми онҳо дар ҷомеа аз давлати Тоҷикистон хост, "таҷрибаи ташхиси ҳатмӣ ва ё ташхиси бокирагиро аз байн барад ва барои ин Кодекси оиларо бознигарӣ кунад".

Дар Тоҷикистон аз соли 2016 ташхиси тиббии пеш аз издивоҷро ҳатмӣ карданд, то ба гуфтаи мақомот, аз никоҳҳои хешутаборӣ ва густариши бемориҳои ҷинсӣ дар миёни ҷавонон пешгирӣ шавад.

Аммо теъдоде аз ҷавонон мегӯянд, баъди ташхиси ҳатмӣ, табибон аз онҳо мехоҳанд, "ташхиси бакорат" ҳам бигзаранд, ки як хадамоти изофии тиббӣ ва пулакӣ аст. Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ низ "ташхиси бакорат"- ро як таҷрибаи зиёноваре номид, ки ба қавли ин муассисаи ҷаҳонӣ, бояд аз байн бардошта шавад.

"Аввал ташхиси бакорат баъд туй?"

Баҳси бакорат дар Тоҷикистон солҳои ахир хеле доғ шуд. Бахусус пас аз чандин ҳодисаҳои худкушии ҷавондухтарон дар пайи баҳси бакорат, ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ин масъала бонги изтироб заданд.

Бо гузашти ду сол аз ин таҷриба худкушии духтарони ҷавон мушоҳида шуд, ки як намунаи пурсарусадои он худкушии Раҷаббӣ Хуршеди 18-сола аз вилояти Хатлон буд. Ин духтар баъди 40 рӯзи издивоҷ баъди таънаву маломати шавҳараш, ки бокира нест, сирко хурд ва даргузашт.

Олимзода: "Вазорат дастури ташхиси бакоратро надодааст ва намедиҳад"
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:51 0:00

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, соли гузашта 115 ҳазор ҷавон қабл аз издивоҷ ташхиси ҳатмии тиббӣ шуданд.Ба гуфтаи вазорат, дар миёни онҳо, қариб 1500 гирифтори бемории зардпарвин, 48 гирифтори вируси норасоии масунияти одам ва 88 гирифтори бемориҳои оташак, сил ва бемории руҳӣ буданд.

"Дар аксар ҳолат духтарон бегуноҳ мебароянд"

Мақомоти тоҷик мегӯянд, дар соли гузашта теъдоди ашхоси муроҷиаткунанда барои гузаштан аз ташхиси бакорат кам шудааст. Ба қавли мақомот, агар дар соли 2017 барои гузаштан аз ташхиси бакорат 780 нафар муроҷиат карда бошад, пас ин рақам дар соли гузашта то 577 нафар коҳиш ёфт.

Маҳмадшариф Шарифов, раҳбари Маркази ҷумҳуриявии ташхиси судии тиббӣ рӯзи 8-уми феврал дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бештар аз 60 дарсади ташхиси бакорат пас аз тӯй ва сар задани баҳсҳо сурат гирифтанд. Ба қавли ҷаноби Шарифов, дар аксар ҳолат духтароне, ки ба надоштани бакорат муттаҳам мешаванд, бегуноҳ мебароянд.

"Дар 99 фоизи ҳолатҳо духтарон камбудӣ надоранд ва аз сад як ё ду нафари онҳо шояд камбудӣ доранд. Фаҳмиши тиббии ин чизро на ҳама медонад. Бисёр одамон муроҷиат мекунанд, ки ман алоқаи ҷинсӣ кардам, хуни бисёр нарафт. Ҳол онки пардаи бакорат хусусиятҳои худро дорад ва як намудаш метавонад ҳатто дар вақти алоқаи ҷинсӣ ҳам вайрон нашавад",-афзуд Маҳмадшариф Шарифов.

Як назарпурсии мо ҳам дар кӯчаҳои Душанбе нишон дод, ки аксарият мухолифи ташхиси бакорат пеш аз тӯй мебошанд. Ҳамсӯҳбатони мо мегӯянд, зиндагӣ бар асоси боварӣ оғоз мешавад ва зану шавҳар аз оғоз бояд ба ҳам эътимод дошта бошанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG