Хабари нав

Боздошти яке аз шарикони наздики Гулмурод Ҳалимов дар Сурия


Диловар Додоев ҳамроҳ бо Гулмурод Ҳалимов

Размандагони курд дар Сурия як ҷангҷӯи тоҷикро дастгир карданд, ки бовар меравад, аз ёрони Гулмурод Ҳалимов, яке аз хатарноктарин террористон дар ҷаҳон аст.

Баъд аз онки писарам дар видео бо коммандир пайдо шуд, мақомот ба сарам омаданд ва гуфтанд, ки ин писари ту аст

Воҳиди мудофеи халқ, ки дар шимоли Сурия ба зидди гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ” меҷангад, хабар дод, ки “ҷангҷӯи тоҷик Диловар Додоев бо ду нафари дигар аз Судон ҳангоми фирор ба Туркия дастгир шуданд.”

Ҳамроҳ бо хабар, ки дар вебсайти размандагони курд нашр шудааст, акси се нафар ҳаст, ки яке аз онҳо ба Диловар Додоев, сокини 29-солаи шаҳри Истаравшани Суғд монанд аст.

Диловар Додоев моҳи майи соли 2015 дар видеои таблиғотии Гулмурод Ҳалимов, полковники фирории тоҷик зоҳир шуд ва аз он замон мавриди пайгарди қонун қарор гирифт.

Диловар Додоев аз тарафи рости Ҳалимов
Диловар Додоев аз тарафи рости Ҳалимов

Дар видео ин ҷавони тоҷик кулоҳ дорад ва дар канори полковники собиқ ва дар тарафи дасти рости ӯ нишастааст. Радиои Озодӣ бо Азимҷон Додоев, падари Диловар Додоев тамос гирифт ва барои шиносоӣ ҳарду акс яке аз навори таблиғотӣ ва акси размандаи курдро ба ӯ фиристод.

Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 4-уми феврал гуфт, ки дар воқеъ ҳарду акс аксҳои писараш аст. Вай афзуд, “Баъд аз онки писарам дар видео бо коммандир пайдо шуд, мақомот ба сарам омаданд ва гуфтанд, ки ин писари ту аст.” Ӯ афзуд, ки “Ҳамон акси ҷавони сараш бастаро нишон додаанд, ки дар тарафи дасти рости Ҳалимов нишастааст”.

Як намоянда аз мақомоти интизомии Тоҷикистон ҳам ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Диловар Додоев, дар ҷангҳо дар Сурия дар паҳлӯи Гулмурод Ҳалимов меҷангидааст.

Ӯ афзуд: “Онҳо бо Ҳалимов дар як катиба (дастаи мусаллаҳ) қарор доштанд. Ин нафар дар бораи Гулмурод иттилои зиёд дорад.”

Маълум нест, размандагони курд, ҷангҷӯи тоҷикро дар куҷо нигаҳ медоранд. Азимҷон Додоев гуфт, писарашро бори охир дар навори таблиғотӣ дид ва аз он замон дигар ҳеҷ хабаре аз ӯ надошт. Диловар Додоев, ки дар Русия кор мекард, соли 2014 Тоҷикистонро тарк кард ва дар ҳамон ҷо мӯи сараш рехт.

Дар акси нашркардаи размандагони курд, пеши сари Диловар Додоев мӯй надорад. Ба қавли Азимҷон Додоев, писараш дар шаҳри Истаравшан довари футбол буд ва баъди рафтан ба Русия “ақидааш вайрон шуд, намозхон шуд, на хоҳар мегуфт, на падар ва на каси дигар.”

Мақомоти Тоҷикистон замоне аз ҳузури ӯ дар сафи гурӯҳи тундрав хабар ёфтаанд, ки дар навори таблиғотии Гулмурод Ҳалимов пайдо шуд. Моҳи декабри соли 2015 бар асоси моддаи 401-и Кодекси ҷиноятӣ, “зархаридӣ” ба зидди ӯ парвандаи ҷиноӣ боз карданд.

Гулмурод Ҳалимов,фармондеҳи собиқи нерӯҳои вижаи вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ки соли 2015 ба сафи гурӯҳи “Давлати исломӣ” пайваст, дар феҳрасти хатарноктарин террористон дар ҷаҳон ворид шудааст.

Амрико барои ҳаргуна иттилои арзишманд дар бораи ӯ 3 миллион доллар подош таъйин кардааст ва ин ваъда ҳамоно побарҷост. Сарнавишти Гулмурод Ҳалимов, ки борҳо дар бораи кушта ва ё маҷрӯҳ шуданаш гузориш шудааст, номаълум боқӣ мемонад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG